ЭЪЛОН: ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ХУҶАНД БА НОМИ АКАДЕМИК БОБОҶОН ҒАФУРОВ ДОВТАЛАБОНРО БА КУРСҲОИ ТАЙЁРӢ ДАЪВАТ МЕНАМОЯД!
Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» довталабонро ба курсҳои тайёрии се моҳа ва шаш моҳа аз рӯи 5 кластер “табиӣ ва техникӣ”, “иқтисод ва география” , “филология, педагогика ва санъат”, “ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ” ва “тиб, биология ва варзиш” даъват мекунад.
Дар курси тайёрӣ ба довталабон олимону донишмандон, устодони пуртаҷриба бо истифода аз таҷҳизоти муосир раванди таълиму тадрисро ба роҳ монда, довталабонро барои дохил шудан ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии кишвар тибқи талаботи Маркази миллии тестӣ омода менамояд.
Машғулиятҳои курси тайёрӣ рӯзҳои душанбе, сешанбе, чоршанбе, панҷшанбе ва ҷумъа аз соати 14:00 то 17:00 гузаронида мешавад.
Ҳуҷҷатҳои лозима:
1. Нусхаи шиноснома ё шаҳодатномаи таваллуд
2. Маълумотнома аз ҷои таҳсил
3. 2-то расм 3х4
Суроға: маҳаллаи 20-ум, бинои таълимии № 3, ошёнаи 4 утоқи 417, 419 қафои Кохи матбуот.
Телефон барои тамос 92-773 97 92