Экстремизм ва намудҳои он дар замони муосир
Экстремизм маънии побастагӣ ба афкор ва чораҳои ѓайриқонунӣ дошта, майли инсонро ба роҳи ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, экологӣ ва миллӣ бо восита ва усулҳои дар ҷамъият қабулнашударо нишон медиҳад. Баробари ин вай ҷараёни калонро дар доираи ҷараёнҳои муосири идеологӣ ва ҳаракатҳои ҷамъиятӣ- сиёсӣ нишон медиҳад, ки онҳо кўшиш доранд, ба раванди тарқкиёти ҷамъиятӣ халал расонанд.
Табиати назарияи экстремистӣ дар инкишофи мантиқии ин ё он ѓояҳо ё афкор ифода меёбад. Қисми зиёди чунин назарияҳо бо як қатор хулосаҳои бемаънӣ мутлақ шуда мондаанд. Қайд кардан лозим аст, ки ҷараёнҳои экстремистӣ бо ҳокимият алоқамандӣ надошта, ба истибдод кўшиш мекунад. Ҳамаи намудҳои экстремизм назарияи сўиқасдро истифода мебаранд.
Объекти ҳуҷуми агрессивии экстремистон ҳамаи сохторҳои муосири иҷтимоӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва ҳукуматӣ мегарданд, ки аз нуқтаи назари идеологҳои экстремизм онҳо садди роҳи барқарор кардани асосҳои тартиботи нав мебошанд. Таҷрибаи экстремизм дар амалиёти фаъолонаи агрессивӣ дар бобати барқарор кардани тартиботи нав дар давлат ва ба даст даровардани мақсадҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ ифода меёбад. Экстремистон бомулоҳиза тайёранд, ки сохторҳои амалкунандаи давлатиро истифода баранд, радикалҳо бошанд, ба усулҳчои террор рў меоваранд.
Аз рўи моҳияти худ экстремизм нишонаҳои дохилии худро дорад, бинобар ин дар вақти муайян кардани он зарур аст, ки на танҳо сиёсати давлатӣ ва вазъи иҷтимоии мамлакат, балки моҳияти экстремизм ба инобат гирифта шавад. Экстремизми муосир аз рўи мазмуни худ гуногун аст. Илова бар ин вай вобаста ба асосҳои назариявии гуногуни худ (соҳаҳои фаъолияти ҳаётӣ, объектҳои ба фаъолияти экстремистӣ равонашуда, хусусиятҳои синнусолии субъектҳои фаъолияти экстремистӣ) тасниф карда мешавад. Ҷамъбасти илмӣ-амалии экстремизм имкон медиҳад, ки вай ба чунин равияҳо тасниф карда шавад: иқтисодӣ, сиёсӣ, миллӣ, динӣ, ҷавонон, экологӣ ва ҳоказо. Дар як вақт экстремизм метавонад хусусияти омехта дошта бошад.
Экстремизми иқтисодӣ ба барҳам додани бисёрнамудӣ ё барқарор кардани ягон намуди моликият, усулҳои ягонаи хоҷагидорӣ, рад кардани принсипҳои танзими давлатии соҳаҳои иқтисодӣ, ихтисор шудани хароҷотҳои иҷтимоӣ, ҳуҷум ба дастовардҳои иҷтимоии коргарон, барҳам додани рақобат дар фаъолияти соҳибкорӣ равон карда шудааст.
Манбаи экстремизми сиёсӣ фаъолияти шахсоне мебошад, ки барои вайрон кардани иқтисодиёт, Қувваҳои Мусаллаҳ, сохторҳои маориф ва тандурустӣ заминаҳо офарида, воситаҳои ахбори умумро барои ҳаросонидани мардум, вайрон кардани асосҳои ахлоқии ҷомеа, ташвиқи зўроварӣ истифода мебаранд.
Экстремизми миллӣ манфиатҳо, ҳуқуқхои дигар миллатҳоро инкор карда, волоияти як миллатро аз болои миллати дигар эълом медорад. Вай бо сепаратизм (ҷудоихоҳӣ) алоқаманд буда, ба барҳам додани давлатҳои сермиллат, барқарор кардани ҳукмронии миллати таҳҷоӣ равона карда шудааст.
Экстремизми динӣ дар нафрат ба намояндагони дини дигар ё мубориза қатъӣ дар дохили як дин зоҳир мешавад.
Экстремистони экологӣ на танҳо ба муқобили сиёсати маҳсулноки ҳифзи табиат, балки пешрафти илму техника баромад мекунанд ва чунин меҳисобанд, ки барҳам додани истеҳсолоти аз нигоҳи экологӣ зараровар роҳи ягонаи беҳтар намудани муҳити атроф мебошад.
Экстремизми маънавӣ ба маҳдудкунӣ равона карда шуда, таҷриба, комёбиҳои маданияти дигарро рад мекунад ва ба сифати идеологияи расмӣ стандартҳои муайяни иҷтимоӣ, динӣ ва этникиро пешниҳод мекунад.
Экстремизми ҷавонон аз экстремизми калонсолон бо дараҷаи пасти ташкилӣ ва бесомонӣ фарқ мекунад. Дар як вақт ба фаъолияти он калонсолоне, ки ҷавонон онҳоро бо фаъолияти зиддиҳуқуқии худ ба ваҷд меоранд, муносибат доштанашон мумкин аст. Экстремизми ҷавонон ҳамчун зуҳуроти оммавии даҳсолаи охир дар муносибати хунукназарона ба қоидаҳо ва меъёрҳои дар ҷамъият амалкунанда баён мегардад.
Айнан ҷавонон бештар ҷиноятҳои хусусияти агрессивӣ доштаро содир мекунанд. Таъсири бадхоҳона ба намояндагони ин ё он гурўҳи миллӣ, наҷодӣ динӣ, ки дар зери таъсири ташвиқоти ѓояҳои экстремистӣ, ҳамчунин дар асоси таҷрибаи ҳаётии шахсӣ зери таъсири омилҳои муайян (аз ҳад зиёд будани вақти холигӣ ва нодуруст истифода шудани он, набудани имконият ва хоҳиш барои давом додани таълим ва баробари ин имконияти ба кори сердаромад, маҳдудияти манфиатҳо) ҷавононро ба иштирок дар фаъолияти экстремистӣ моил мекунад. Маълумотҳо дар бораи асоси иҷтимоии рўҳияи экстремистии ҷавонон хеле бисёранд.Фаъолнок шудани экстремизми ҷавонон барои ҷамъият хатари калон дорад.
Экстремизми сиёсӣ хатари бештар дорад. Экстремизми «чап» ва экстремизми «рост» фарқ карда мешаванд. Экстремизми «чап» ѓояҳои инқилобии анархистиро баён карда, худро тарафдор ва ҳомии мардуми меҳнаткаш эълон мекунад. Як қисми намояндагони ин ҷараён дар ҳолати пинҳонӣ кор бурда, ҷанги партизанӣ мебаранд, амалҳои террористӣ содир менамоянд, одамонро гаравгон мегиранд. Экстремистони «рост» (ҳизбҳо, ташкилотҳо, ҳаракатҳои фашистӣ, неофашистӣ, миллатчигӣ, наҷодпарастӣ) ҷамъияти муосирро барои «набудани тартибот», «пастравии савияи ахлоқ», эгоизм ва дигар амалҳо танқид мекунад. Ба экстремизми «рост» дараҷаи баланди ташкилӣ дар миқёси ҷаҳон хос аст.
Аз рўи характери таъсири худ ба муносибатҳои байнидавлатӣ ва мутааллиқии субъектҳои шаҳрвандӣ ба фаъолияти экстремистӣ экстремизм ба дохилӣ (вақте ки ба он шаҳрвандони мамлакати худ даст дошта, зарар ва доираи амал аз ҳудуди мамлакат берун намеравад) ва байналхалқӣ, ки амалиёти он аз тарафи шаҳрвандони як ё зиёда мамлакатҳо содир гашта, ба вайронкунии сохти конститутсионии давлатҳои дигар ё тартибот ва муносибатҳои байналхалқӣ равона гардидааст, тақсим мешавад.
Экстремизми байналхалқӣ метавонад давлатӣ (дар ҳолате, ки вай яке аз усулҳои амалигардонии сиёсати хориҷӣ бо роҳи мусаллаҳонии хадамоти махсус ё марказҳои экстремистӣ мебошад) ва ѓайридавлатӣ (вақте ки актҳои экстремистиро ташкилотҳои байналхалқии экстремистии манбаъҳои шахсии молиявидошта зоҳир мекунанд) бошад.
Дар навбати худ экстремизм аз рўи низоми худ ба гурўҳҳои дигар тақсим гардад. Аз ҷумла, дар экстремизми дохилӣ вобаста ба субъектҳои он экстремизми давлатӣ (вақте, ки зўроварӣ дар муносибат бо оппозитсия гурўҳҳо, категорияҳо ё табақаҳои калони аҳолӣ аз тарафи давлат ба воситаи сохторҳои қудратӣ бо баҳонаи ҳимояи манфиатҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ё умумимиллӣ амалӣ карда мешавад), экстремизми ѓайриҳукуматӣ (он аз тарафи иттиҳодияҳои ҷамъиятии ѓайриҳукуматӣ ва ҳизбҳо барои ҳимояи манфиатҳои сохторҳои ҳукумат содир карда мешавад), экстремизми оппозитсионӣ (дар он зўроварии зиддиҳуқуқӣ ба муқобили сохторҳои давлатӣ ва намояндагони онҳо равона карда шудааст), экстремизми байниҳизбӣ, ки дар раванди муборизаи сиёсӣ зоҳир мегардад, ҷудо карда мешаванд. Ҳамчунин чанд намуди дигари экстремизм маълуманд, ки субъектҳои онҳо ҷонибдори ҷараёнҳои гуногуни экстремистӣ (миллатчигӣ, фашистӣ, сепаратистӣ) мебошанд.
Аз рўи шумора ва дараҷаи муташаккилии иштирокчиён амалҳои экстремистии ҷамъиятҳо, гурўҳҳо ва шахсони алоҳида ҷудо карда мешаванд.
Аз рўи усулҳои таъсиррасонӣ экстремизм бо истифодаи қувваи ҷисмонӣ (аз ҳаёт маҳрум кардани шахсони алоҳида ё гурўҳи одамон, расонидани зарари ҷисмонӣ, маҳдудкунии озодӣ), бо нобуд кардани объектҳои моддӣ (сўхтор, вайрон кардани объектҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ, коллективӣ ё моликияти шахсӣ), бо истифодаи усулҳои зўроварии ахлоқӣ-психологӣ (таҳдид, тўҳмат, намоиши қувваҳо, ултиматумҳо, паҳн кардани овозаҳо) фарқ карда мешаванд. Дар амаликунии актҳои экстремистӣ усулҳои номбаршуда ба таври комплексӣ истифода мешаванд. Вобаста ба шароити мушаххас ва хусусияти минтақаи фаъолияти экстремистӣ, таъминоти онҳо, вазъи сиёсӣ ё ҳолатҳои дигар ба ин ё он намуди усулҳои номбурда диққати алоҳида дода мешавад.
Аз рўи мақсадҳои худ экстремизм чунин тасниф дода мешаванд: экстремизми муттаҳидкунанда, ки амалҳои он ба муттаҳидкунии сохторҳои мухталифи криминалӣ нигаронида шудааст; экстремизми намоишӣ, ки ин ё он ташкилотҳои экстремистӣ, сиёсат ва идеология, омодагии аъзоёни онҳоро ба амалҳои қатъӣ «намоиш» медиҳанд; экстремизми конфронтатсионӣ, ки дар истифодаи қувва бар зидди блокҳо, ҳаракатҳо ва ташкилотҳои сиёсии ба ҳам муқобил, ҳамчунин байни сохторҳои давлатӣ ва оппозитсия зоҳир мешаванд; экстремизми провокатсионӣ вақте, ки субъектҳои амалҳои зўроварӣ рақиби сиёсии худро маҷбур мекунанд, ки ба амалҳои ѓайриоммавӣ дар байни аҳолӣ ва барои экстремистон муфид маҷбур мекунанд.
Аз рўи воситаҳои мубориза экстремизм ба ду гурўҳ тақсим мешавад: анъанавӣ (истифодаи яроқи оташфишон ва сард, маводҳои тарканда ва дигар воситаҳои амалигардонии кушторҳои сиёсӣ, ки ба инсоният дар тўли асрҳо шинос аст) ва технологӣ (дар амалҳои экстремистӣ истифода бурдани комёбиҳои илм ва техника дар соҳаи технологияи компютерӣ, информатсионӣ, радиоэлектроника ва ѓайраҳо).
Ба экстремизм хусусиятҳои умумӣ хос мебошад: зўроварӣ ва таҳдиди мусаллаҳонаи он; якпаҳлугӣ дар қабули муаммоҳои ҷамъиятӣ ва ҷустуҷўи роҳи ҳалли онҳо; кўшиши нишон додани принсипҳои худ ба рақибон, бечунучаро иҷро кардани ҳамаи фармонҳо ва қоидаҳо; такя на ба тафаккур, балки ба ҳиссиёт ва хурофотҳо; созиш карда натавонистан. Экстремизм бо радикализм, терроризм дар як равия қарор дорад.
Нишонаи ҳатмии экстремизм ин адовати сиёсӣ, нажодӣ, миллӣ, маҳалгароӣ ё динӣ мебошад. Нишонаи ҳатмии ҷиҳати субъективӣ ин мақсад – коркарди нақшаҳо ва шартҳои содиркунии ҷиноятҳои хусусияти экстремистидошта мебошад.
Экстремизм ин шакли инкори радикалии меъёрҳо ва қоидаҳои ҷамъиятии дар давлат мавҷудбуда аз тарафи шахсони алоҳида ё гурўҳҳо мебошад. Аз он ҷиҳат, ки экстремизм бо амалҳои зиддиҳуқуқӣ зоҳир мешавад, вай барои шахс хатарнок буда, ҳуқуқ ва озодиҳои инсонро вайрон мекунад, ҳаёти ҷамъиятро номўътадил мегардонад.
Дараҷаи зарари расонидаи ҷинояткории экстремистӣ хеле баланд аст. Зоҳиршавии он аз зарари психологӣ ва моддӣ ба давлат ва ҷамъият то маҳрум кардан аз ҳаёти фардҳои алоҳида маънидод мегардад. Оқибатҳои зуҳуроти ҷиноии экстремизм баъди содир кардани амалҳои муайян маълум мешавад.
Дар шароити имрўза тамоми аҳли ҷомеаро зарур аст, ки дар пешгирӣ намудани амалҳои экстремистӣ саҳмгузор бошанд, то ба мардуми осоишта зарари ҷисмонӣ ва маънавӣ нарасад.
Бобоҷонова М.К.
магистранти курси 2, ихтисоси таърих