​Экстремизм ҳамчун вабои аср дар ҷомеаи муосир

Яке аз падидаҳои номатлуби асри XX ва аввали асри XXI ташкил ва ба фаъолият оғоз намудани садҳо аҳзобу созмонҳои мухталиф дар ниқоби ислом мебошад. Ин аҳзобу созмонҳои ба ном исломӣ чуноне, ки таърих гувоҳ аст дар бисёр мавридҳо аҳдоф ва манофеи давлатҳои мухталифро дар ҷаҳони ислом пиёда намуда, хилофи манофеи миллию мазҳабии худ даст ба тахрибкорию нооромсозии вазъияти иҷтимоию сиёсӣмезананд.

Дар баробари терроризм дар бисёр кишварҳои ҷаҳони муосир амалиётҳои экстремистӣ ба амал омада, боиси ташвишу изтироби ҷомеа гардида истодааст.

Экстремизм (аз калимаи лотинии «extremus» маънои аслиаш канораҷўӣ, ифротгароӣ,тундравӣ фикру андешаҳо ва амалҳои тундравона ба ҳисоб меравад. Экстремист шахсест, ки дар фаъолияти худ ҷонибдори амалҳои якравию тундравӣ аст. Ин амалу зуҳуротҳои номатлуб метавонад дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон дар дин, сиёсат, идеология, илм, фарҳанг ва ҳатто дар варзиш низ ба миён ояд.

Экстремизми динӣ маҳсули фарҳанги номукаммал натиҷаи ҷаҳолати мардумист. Ҳар қадар дар ҷомеа ҷаҳлу зулмот мусаллат бошад, ҳамон қадар беназмӣ, беадолатӣва қонуншиканиҳо решадор мегарданд Яке аз сабабҳои ба гурўҳҳои ифротию тундгароии исломӣ пайвастани ҷавонони тоҷик ба омилҳои иҷтимоиюиқтисодӣ, бекорӣ фақр ва корупсия вобаста мебошад. Дигар омилҳое, ки ҷавонони тоҷикро тўъмаи гурўҳҳои ифротию тундгарои исломӣ мегардонад, ин дурр будани ҷавонон аз маърифати исломӣ, суннатӣ, инчунин таблиғоти шадиди гурўҳҳои ифротӣ таввссути васоити ахбори омма, хусусан шабакаҳои интернетист,ки ин таблиғот муқобили арзишҳои маънавӣ ва динии мардум нигаронида шудааст. Дар ин ҷо таълиму тарбияи дурусти динии ҷавононродар айёми наврасӣ дуруст ба роҳ мондан муҳим аст. Агар дар ҳамин давраи наврасӣ маълумоти дурусти динӣ дода нашавад эътиқодифарзандон имкон дорад ноқис монад. Имрўз мутаассифона аксари ҷавононе, к ибо гурўҳу созмонҳои ифротгароӣ мепайванданд , онҳое мебошанд, ки сатҳи саводи зарурӣ надоранд ва ин гурўҳтҳо бо истифода аз бесаводию тангназарӣ чунин ҷавононро ба доми худ кашида, боиси гумроҳии онон мегарданд. Сабаби дигари ба ин гурўҳи ифротӣ дохил шудани ҷавонон дар он аст, ки фаҳмиши нодурусти озодӣ,демократия боиси он гардид,ки ба амалҳои ношоиста, ба ҷиноят даст задани ҷавонон ба доми фиреби фарҳангудинҳои сохтаву бегона кашида мешаванд.

Проблемаи терроризм ва экстремизм масъалаи басо муҳими илм ва сиёсати муосир аст. Вазъи имрўзаи олам, аз ҷумла минтақаи Осиёи Марказӣ минтақа мураккаб аст. Масъалаи асосӣ - таъмини амнияти шахс, ҷомеа ва худи давлат мебошад. Дар маркази баҳс масъалаи ҳифзи сулҳу субот ва амният меистад. Он мавзўи дараҷаи аввал маҳсуб мегардад.

Мулоҳизоти Президенти кишвар, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавзўи терроризм ва экстремизм дар рўзи Паём яке аз падидаҳои муҳим дар сарнавишти таърих ва фарҳанги кишвар буда, фоли некест аз ҳуввияти миллӣ, фарҳангӣ ва хирадмандию иродаи бузурги сиёсии Сарвари давлат. Дар ин замина аз ҷониби Президенти кишвар таҳлили дуруст ва саҳеҳ ба сомон расид. Масалан, Пешвои миллат таъкид намуданд, ки «ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрўз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд».

Абдуҷабборова Р.А. 07.07.2023.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ