​Экскурсияи донишҷӯёни ихтисоси географияи сайёҳӣ ва менеҷменти сайёҳат

Як гурӯҳ донишҷӯёни ихтисоси географияи сайёҳӣ ва менеҷменти саёҳати факултети геоэкология ва туризм дар ҳамкорӣ бо ширкати туристии “Чеҳра” таҳти роҳбарии омӯзгорон ҷиҳати шиносоӣ бо яке аз мавзеҳои минтақаи туристии осоишгоҳи “Зумрад”-и шаҳри Исфара сафарбар гардиданд. Зимнан донишҷӯён аз таърихи ташкилшавӣ осоишгоҳ ва ёдгории таърихии асри 9-10 “мақбараи Хоҷа Насруллоҳ”, “Хоҷа Абдуллои Сурхӣ”, ки дар минтақаи Кӯҳи Сурх даршаҳри Исфаравоқеъ мебошад, дидан карданд.

Дар идомаи сафар донишҷӯён аз мавзеҳои фарҳангии шаҳри Конибодом, Боғҳои фарҳангӣ-фароғатииИстиқлол ва Ирам, осорхонаи таърихи кишваршиносии ноҳия шинос гардиданд. Инчунин бо якчанд мадрасаҳо ба монанди мадрасаи Ойим, мадрасаи Бираҷаби Додхоҳ, мақбараи Лангари Бобо, манораи Норчабой дидан намуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ