Экологон 30 – солагии Иҷлосияи XVI–уми Шӯрои Олиро ҷашн гирифтанд

Бо ташаббуси кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкология ва туризм бахшида ба 30 – солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии илмӣ-амалӣ баргузор гардид.

Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, декани факултет дотсент Аминов Муъминҷон чорабиниро ифтитоҳ бахшид.

Номбурда дар мавриди аҳамият ва ҷойгоҳи Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маърӯза ироа намуд.

Дар идома аз ҷониби дотсенти факултети “Таърих ва ҳуқуқ” Икромов дар мавзӯи “Заминаҳои ба вуҷуд омадани Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” маърӯза шунида шуд.

Донишҷӯён дар васфи Ватан, сулҳ, ваҳдат ва Пешвои миллат шеъру гуфор манзур намуданд, ки ба чорабинӣ мазмуни бештар эҳдо намуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ