​Духтари соҳибҳунар

Таҳти ин унвон бо ташаббуси Шӯрои занони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо мақсади арҷгузорӣ ба манзалати Зан-модар ва дарёфти истеъдодҳо дар байни донишҷӯдухтарон бахшида ба Рӯзи модар моҳи феврали соли ҷорӣ озмуни умумидонишгоҳӣ баргузор гардид.

Дар даври аввали озмун донишҷӯдухтарони хобгоҳи №2 аз рӯйи шартҳои ва низомнома ҳунару маҳорати худро дар ҷодаи сухандонию наттоқӣ, сарояндагиву ҳунармандӣ, тарроҳию дӯзандагӣ ва пазандагӣ ба ҳайати ҳакамон ва ҳозирин намоиш доданд. Иштирокчиён аз рӯйи шартҳои муаррифӣ, васфи модар, дар муддати муайян буридани угрои миллӣ, маҳорати донистани ҳунарҳои миллӣ, аз қабили дӯзандагӣ, бофандагӣ, ороиши мӯй, сурудани алла ва ғайраҳо намоиш маҳорати худро нишон доданд. Ҳайъати ҳакамон аз ҳисоби омӯзгорони ботаҷриба, собиқадор ва занони барӯманди вилоят ташкил шуда,ба маҳорату малака ва дониши духтарон баҳои баланд доданд.

Ғолибон даври аввал муайян карда шуда, ба даври донишгоҳӣ роҳ ёфтанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ