​Ду дарси кушоди сатҳи донишгоҳӣ дар риштаи фанҳои дақиқ ва риёзӣ

Санаи 13-уми ноябри соли 2023 дарси кушоди сатҳи донишгоҳии дотсенти кафедраи анализи математикӣ ба номи профессор А. Муҳсинов Воситова Дилором барои донишҷӯёни курси сеюм ихтисоси математика аз фанни муодилаҳои дифференсиалӣ дар мавзӯи «Муодилаи дифференсиалии хаттии якҷинса бо коэффисиентҳои доимӣ» бахшида ба “Бистсолаи омўзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” ташкил ва гузаронида шуд.

Қобили қайд аст, ки дар дарси кушоди мазкур намоянда аз шуъбаи идоракунии сифати таҳсилот н.и.п. дотсент Миршоев Абдушаҳид, н.и.ф-м. мудири кафедраи мазкур Ҷумаев Бӯстон, дотсенти кафедраи алгебра ва геометрия дотсент Тӯйчиев Олимҷон ва муаллимони кафедра иштирок доштанд.

Дарс дар дараҷаи баланди таълимӣ, илмӣ-методӣ бо усули фаъоли таълим гузаронида шуда, донишҷӯён дар дарс фаъолона иштирок намуданд.

Ҳамзамон, дар факултети телекоммуникатсия ва технологияҳои иттилоотӣ дарси кушоди сатҳи донишгоҳӣ аз тарафи муаллими калони кафедраи барномарезӣ Абдураҳимов О. гузаронида шуд.

Дар дарси кушод ҷонишини мудири ШИСТ дотсент Ҳусейнова Мавзуна, декани факултет дотсент Нуриллозода Хушбахт, мудири кафедраи барномарезӣ дотсент Низомиддинов Сайфиддин ва устодони кафедра ширкат намуданд.

Дарси кушод бо риояи тамоми талаботҳои мавҷуда гузаронида шуда, аз воситаҳо ва методҳои муосири таълим истифода карда шуд.

Дар фарҷом дарси мазкур аз тарафи иштирокдорон таҳлилу баррасӣ карда шуда, ба устод Абдураҳимов О.З. тавсия ва пешниҳодҳо иброз карда шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ