​Донишҷӯи ДДХ беҳтарин донандаи асари “Тоҷикон”

Санаи 19 августи соли 2021 дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон давраи ҷумҳуриявии маҳфил-озмун таҳти унвони “Нақши китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров дар шинохти асолати миллӣ” байни донишҷӯёни макотиби таҳсилоти олии касбӣ ва хонандагони муассисаҳои таълимӣ баргузор гардид. Дар маҳфил-озмун вилояти Суғдро Фарҳод Ҳоҷиев - донишҷӯи соли 5-уми факултети таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуровнамояндагӣ намуда, мақоми аввалро соҳиб гардид.

Ғолиби озмун дар вазъияти тантанавӣ бо диплом ва мукофотпулии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қадршиносӣ карда шуд.Ёдовар мешавем, ки Фарҳод Ҳоҷиев дар давраи донишгоҳӣ, шаҳрӣ ва вилоятии маҳфил-озмун мақоми якумро соҳиб шуда, ба давраи ҷумҳуриявӣ роҳ ёфта буд.

Гуфта мешавад, ки маҳфил - озмуни ҷумҳуриявии “Нақши китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров дар шинохти асолати миллӣ” бо ибтикори Кумитаи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҷиҳати дастгирии ҳамаҷониба аз иқдоми беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар заминаи тақдими китоби “Тоҷикон”-и аллома Бобоҷон Ғафуров ба ҳар як оилаи мамлакат ва бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудааст.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ