​Донишҷӯёни ихтисоси кори бонкӣ аз осорхона боздид намуданд

Таҳти роҳбарии декани факултети иқтисодӣ дотсент Нуриддинова Манзура устодон ва донишҷӯёни ихтисоси кори бонкӣ аз Осорхонаи донишгоҳ боздид намуданд.

Ин ташаббус дар доираи нақшаи чорабиниҳои факултет бахшида ба 90-солагии донишгоҳ ба роҳ монда шуд.

Мудири Осорхонаи донишгоҳ дотсент Юлдошев Рустам донишҷӯёнро бо деворнигораи махсус доир ба ташрифи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров шинос намуд.

Ҳамзамон, ба донишчӯён дар бораи деворнигора бахшида ба иштирокчиёни ҶБВ аз ҳисоби устодони донишгоҳ, деворшишаҳо дар бораи таърихи донишгоҳ, устодони аввалин ва хатмкунандагони аввалини донишгоҳ маълумоти муфассал ироа гардид.

Ҳадаф аз ин иқдом баланд бардоштани сатҳи маълумотнокии донишҷӯён дар бораи таърихи таъсис, ташаккул ва марҳилаҳои рушди донишгоҳ унвон мешавад.


Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ