Донишҷӯён санъати омодакунии таомҳои чиниро баррасӣ карданд

Аз фанни забони хориҷӣ бо ҷалби донишҷӯён аз рӯи ихтисоси забони чинӣ дарси кушод гузаронида шуд. Дар доираи дарс мавзӯи “Анъанаи чой ва хӯроквории чинӣ” мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Гуфта мешавад, ки иқдоми мазкур бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” аз ҷониби омӯзгор Нуридинова Нилуфар ба роҳ монда шуд.

Дарс бо истифода аз усулҳои фаъоли таълим ва таҷҳизоти муосир гузаронида шуда, дар доираи он фаъолнокии донишҷӯён таъмин гардид.

Маврид ба зикр аст, ки дар ҷараёни дарс муовини декан оид ба таълим дотсент Юсупова, мудири кафедраи забонҳои форсӣ ва хитойӣ дотсент Қосимова Марҳабо, мудири кафедраи забони англисӣ дотсент Рашидова Дилафрӯз ва дигар муаллимони факултет иштирок карданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ