​Донишҷӯён мехоҳанд дар хадамотҳои матбуотӣ фаъолият намоянд

Дар “Маркази медажурналистика ва рушди расонаҳои нав”-и донишгоҳ ин навбатмаҳфил дар мавзӯи “Тафовути матлабҳои иттилоотии хадамоти матбуотӣ ва маводи журналистӣ” баргузор гардид. Гардонандагии маҳфилро, ки дар он донишҷӯёни бахши рӯзноманигории донишгоҳ ширкат доштанд,роҳбари “Маркази медажурналистика ва рушди расонаҳои нав”, раиси бахши суғдии Иттифоқи журналистиони Тоҷикистон дотсент Ҷамолов Илҳом Мазбутович ба уҳда дошт.

Дар маҳфил хусусиятҳои кор дар хадамотҳои матбуотӣ, номгӯй ва вежагиҳои маводи иттилоотии хадамоти матбуотӣ, фарқияти он аз маводи журналистӣ, шеваҳои омода намудани матолиби иттилотии хадамоти матбуотӣ ва дигар мавзӯҳои мавриди назар, аз ҷумла тарзи таҳияи паёми матбуотӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Гардонандаи маҳфил, ки дар самти зикршуда таҷрибаи бойи амалӣ ва назариявӣ дорад ва рисолаи илмии номзадии худро низ дар мавзӯи вобаста ба ташаккули хадамотҳои матбуотӣ дар Тоҷикистон дифоъ намудааст, ба донишҷӯён оид ба масъалаи баррасишаванда маълумотҳои хеле муфидро манзур намуд.Мавсуф доир ба фаъолияти яке аз чеҳраҳои калидии хадамоти матбуотӣ – котиби матбуотӣ низ ибрози назар кард

“Котиби матбуотӣ бояд ҳамеша пресс-релиз ё худ паёми матбуотии хуб омода кунад, вале ин маънои онро надорад, ки ба ҷойи рӯзноманигор боядмақоланависад. Ҳар кадоме бояд кори худро анҷом диҳанд. Дар баробари ин бояд дар хотир дошт, ки котиби матбуотии муваффақна рӯзноманигор аст ва на олим,вале дар як ҳошияе қарор дорад, ки бояд аз таҳқиқот ва матбуот комиланогоҳбошад”, - таъкид дошт И.Ҷамолов.

Дар интиҳо донишҷӯён ба саволҳои худ посух гирифта, иброз доштанд, ки дар вазъияти ҳассоси иттилоотӣ фаъолияти ниҳодҳои вежаи робита бо ҷомеа ва расонаҳои хабарӣ, аз ҷумла хадамоти матбуотӣ хеле муассир шудааст ва шавқи кор кардан дар ингуна ниҳодҳо бедор шуда, барои эшон қулай ва мувофиқи матлаб аст.

Ёдовар мешавем, ки пойгоҳи техникии “Маркази медажурналистика ва рушди расонаҳои нав” дар назди МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” соли ҷорӣ бо дастгирии роҳбарияти донишгоҳ муҷаҳҳаз гардонида шуда, марказ дар арафаи иди касбии Рӯзи матуботи тоҷик фаъолияти амалии худро расман оғоз намуд.

Маркази донишгоҳии Медиажурналистика ва рушди расонаҳои нав ҳамчун ҷузъи таркибии сохтори донишгоҳ бо мақсади мусоидат ба тарбияи журналистони муосир, ки бояд ба талаботи имрӯза ва фаъолият дар расонаҳои нав ҷавобгӯ бошанд, таъсис ёфтааст ва бояд ба сифат озмоишгоҳи эҷодии рӯзноманигорон ҷиҳати омӯзиш ва дар амал табиқ кардани майлонҳои нави расонаӣ амал намояд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ