Донишҷӯён мавзӯи “Daily program” – ро баррасӣ қарданд

Дар факултети забонҳои хориҷӣ бо иқдоми сармуаллими кафедраи фонетика ва лексикологияи забони англисӣ Тағоева дарси кушод гузаронида шуд. Мавзӯи дарс “Daily program” унвон дошт.

Дар дарси мазкур муовинони декан, мудирони кафедраҳо ва омӯзгорон иштирок намуданд. Дар дарс салоҳиятҳои ташкилӣ, омӯзгорӣ, коммуникативӣ, тарбиявӣба назар расид.

Аз ҷавобҳои донишҷӯён маълум буд, ки онҳо мавзӯи дарсро хуб дарк намудаанд. Донишҷӯёни гурӯҳ дар дарс хеле фаъол буда, маҳорати забондонии хешро нишон доданд. Дарс дар дараҷаи хуби таълимӣ-методӣ гузаронида шуд.

Маврид ба зикр аст, ки омӯзгор ҳангоми гузаронидани дарс аз усулҳои интерактивӣ ва коммуникативӣ васеъ истифода намуд. Дар дарс бозиҳои таълимӣ, амалиётҳои душахсӣ ва драматизатсия гузаронида шуданд. Машқҳои истифодашуда фаъолияти андешаронӣ ва муоширатии донишҷӯёнро талаб мекард, ки он низ самаранок иҷро шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ