​Донишҷӯён донишҳои худро дар амал татбиқ мекунанд

Донишҷўёни курси чоруми шуъбаи фосилавии факултети таҳсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсус дар як қатор макотиби шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таҷриба меомӯзанд.

Гуфта мешавад, ки таҷрибаомӯзии донишҷӯён чор ҳафта давом карда, дар доираи он донишҷӯён донишҳои назариявии худро дар амал татбиқ мекунанд.

Маврид ба зикр аст, ки раёсати донишгоҳ ба масъалаи тайёр намудани кадрҳои баландихтисос ва ба талаботи бозори умумиҷахонии меҳнат рақобатпазир будани мутахассисон таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, ҷиҳати ба роҳ мондани таҷрибаомӯзии сифатнок ва самарабахши донишҷӯён тадбирҳои муҳим роҳандозӣ мекунад.

Маркази итттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ