​Донишҷӯён бо имкониятҳои Китобхонаи илмӣ шинос шуданд

Донишҷӯён ва магистрантони факултети филологияи рус аз Китобхонаи илмии донишгоҳ дидан намуда, бо номгӯйи китобҳои тозанашри ихтисосӣ шинос шуданд. Ин иқдом ҷиҳати ҷалб намудани донишҷӯён ба китобхонӣ ва огоҳӣ пайдо намудани онҳо аз шароити мусоиди китобхона роҳандозӣ гардид.

Дилбар Самадова, директори Китобхонаи илмии донишгоҳ ба донишҷӯён оид ба имконот ва хизматрасонии китобхона маълумот дод.

Иттилоъ дода шуд, ки бо дастгирии роҳбарияти донишгоҳ китобҳои ихтисосӣ ва илмию бадеӣ марҳила ба марҳила ба фонди китобхона харидорӣ шуда, дар ин самт тамоми тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ мешавад.

Ҳамзамон, донишҷӯён бо номгӯйи китобҳои марбут ба ихтисоси худ шинос шуда, ба Китобхонаи илмии донишгоҳ аъзо шуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ