​Донишҷӯён аз осорхонаи Ҷӯрабек Муродов дидан намуданд

Як гурӯҳ донишҷӯёни факултети забонҳои шарқ ҳамроҳи муаллимаи кафедраи грамматикаи забони арабӣ Абдуллоева аз “Осорхонаи Ҷӯрабек Муродов”, ки воқеъ дар шаҳри Хуҷанд, кӯчаи Фирдавсӣ 144 аст, дидан намуданд.

Мақсади ташриф ба осорхонаи устод Ҷӯрабек Муродов шинос намудани донишҷӯён бо дастовардҳои санъат ва хизматҳои Ҷӯрабек Муродов барои санъати тоҷик унвон мешавад, ки ҷиҳати баланд бардоштани завқи зебоипарастӣ мусоидат мекунад.

Дар доираи ин иқдом донишҷӯён аз таърихи фаъолияти санъаткори нотакрори тоҷик, Артисти Халқии СССР устод Ҷӯрабек Муродов ва дастовардҳои санъати тоҷик дар асри XX ва оғози асри XXI бохабар шуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ