Донишҷӯён аз Осорхонаи Бобоҷон Ғафуров боздид намуданд
Як гуруҳ устодону донишҷӯёни кафедраи математикаи олӣ ва амалӣ аз осорхонаи академик Бобоҷон Ғафуров дидан карданд. Ин ташаббус дар доираи таҷлил аз рӯзи таваллуди Қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров ба роҳ монда шуд.
Дар доираи ин иқдом донишҷӯён бо фаъолият ва осори аллома Бобоҷон Ғафуров шинос шуда, доираи маълумотнокии худро васеъ намуданд.
Хотиррасон менамоем, ки ҷиҳати гиромидошти хотираи фарзанди фарзонаи миллат – Бобоҷон Ғафуров дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров силсилаи чорабиниҳо идома дорад, ки боздид аз осорхона аз зумраи ҳамин ибтикорот аст.
Маркази иттилоот ва таҳлил
`