Донишҷӯён аз Осорхонаи академик Бобоҷон Ғафуров дидан карданд

Донишҷӯёни курси дуюм, гурӯҳи 205, ихтисоси таърих-бостоншиноси факултети таърих ва ҳуқуқ аз Осорхонаи ҷумҳуриявии академик Бобоҷон Ғафуров дидан карданд. Дар баробари сайри таърихӣ аз осорхона ва огоҳӣ пайдо карда, аз ҳаёту фаъолияти ибратомӯзи аллома Бобоҷон Ғафуров шинос шуданд. Ҳамчунин донишҷӯён зимнан аз экспонатҳо гузошта дидан намуда, инчунин аз фаъолияти осорхонадорӣ, усули ҷобаҷогузории экспонатҳо, сохтани шиносномаҳо ва дигар воситаҳои корбарии он ошноӣ пайдо намуда, маълумоти зарурӣ ба даст оварданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ