​Донишҷӯён аз Маркази занон “Гулрухсор” дидан намуданд

Донишҷӯёни курси чоруми ихтисоси психология аз Ташкилоти ҷамъиятии Маркзи занон “Гулрухсор” дидан намуданд. Ин ташаббус аз ҷониби сармуаллимаи кафедра Ҳоҷибоева Раънохон ба роҳ монда шуда, ҳадаф аз он такмили донишҳои назариявӣ ва дар амал тадбиқ намудани он, тарзи дурусти кор бо мизоҷон, расонидани ёрии псхологӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ ба мизоҷон унвон мешавад.

Ба донишҷӯён дар доираи ин мулоқот иттилоъ дода шуд, ки Маркази занон “Гулрухсор” соли 1996 таъсис ёфта, ба ниёзмандони самти ҳуқуқиву равонӣ ва иҷтимоӣ кӯмаки махфӣ ва ройгон пешниҳод менамояд.

Донишҷӯён аз тарзи кор ва фаъолияти Марказ, фаъолияти ҳуқуқшинос, равоншинос, корманди иҷтимоӣ, ҷойи зисту зиндагонии муваққатии занони паноҳгоҳ шинос шуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ