Донишҷӯён аз коллеҷи ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан дидан намуданд

Як гуруҳ донишҷӯёни факултети забонҳои шарқ бо ташаббуси сармуаллими кафедраи педагогикаи умумӣ Файзиев Аҳмадҷон аз коллеҷи ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан дидан намуданд.

Ин иқдом берун аз машғулиятҳои дарсӣ бо мақсади таҳкими худшиносии миллии донишҷӯён ва дар доираи сазовор таҷлил намудан аз 90 - умин солгарди таъсисёбии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ба роҳ монда шуд.

Ҳамзамон, донишҷӯён аз Қалъаи Муғ, ки яке аз ҷойҳои таърихии шаҳри Истаравшани бостонӣ ба шумор мераванд, боздид намуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ