Донишҷӯён аз Қалъаи Муғ дидан карданд
Донишҷӯёни курси дуюми ихтисоси рӯзноманигорӣ бо роҳбарии номзади илмҳои филологӣ, дотсент Замира Сатторова ба шаҳри Истаравшан сафар намуда, аз маҷмааи ёдгорӣ - таърихии Қалъаи Муғ ва ёдгориимеъмории асри ХV - мадрасаи Абдулатиф Султон дидан намуданд. Ин ташаббус дар доираи дарси амалии фанни Асосҳои фаъолияти эҷодии журналистӣ ба роҳ монда шуда, ҳадаф аз он ғанӣ гардонидани сатҳи маълумотнокии рӯзноманигорони оянда ва таҳкими ҷаҳонбинии онҳо унвон мешавад.
Дар доираи сафар ба донишҷӯён маълумот дода шуд, ки масоҳати Қалъаи Муғ мон 6 гектар ва дарозиаш 600 метрро ташкил медиҳад. Таҳқикоти Қалъаи Муғ нишон додааст, ки ин Қалъа дар давоми асрҳо ба ҳамлаҳои арабу турку муғулҳо, кӯчманчиён, аморати Бухорову хонигарии Қӯқанд истодагарӣ мекард ва муҳофизон то ҷон дар бадан доштанд, муборизаи озодихоҳона мебурданд.
Таъкид гардид, ки соли 2018 Қалъаи Муғ бо дастури Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шакли пештарааш аз нав сохта шуда, шакли имрӯзаро қабул кард ва ба зиёратгоҳи сайёҳони дунё табдил дода шуд.
Интизор меравад, ки донишҷӯён дар асоси мушоҳидаҳои инфиродӣ ва таассуроти шахсӣ аз ин сафар очеркӣ сафарӣ навишта, дар матбуоти даврӣ нашр хоҳанд кард.
Маркази иттилоот ва таҳлил