Дониши худро бисанҷ
Дар кафедраи алгебра ва геометрия бахшида ба 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълон шудани “Бистсолаи рушди илмҳои табиатшиносӣ, риёзӣ ва дақиқ” аз рӯйи фанни математика викторина гузаронида шуд, ки “Дониши худро бисанҷ” унвон дошт.
Дар викторина донишҷӯёни ихтисоси математика фаъолона иштирок намуда, дониши худро санҷиданд. Маҳорати иштирокчиён аз ҷониби омӯзгорон баҳогузорӣ шуд.
Фаъолон бо ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадр хоҳанд шуд.
Маркази иттилоот ва таҳлил