​Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия дар масири 25 сол

Аз таъсисёбии Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия 25 сол пур шуд. Ба ин муносибат номаи табрикотии ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров профессор Ҷамшед Ҷӯразода ба ҷомеаи меҳнатии Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия ирсол гардид.

Як қатор устодони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, ки ҷиҳати иштирок дар конфронс ба Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия ташриф оварда буданд, номаи муборакбодии ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров профессор Ҷамшед Ҷӯразодаро ба ректори Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия –Хоҷазода Тоҳир Абдулло расониданд.

Дар номаи табрикотӣ аз ҷумла омадааст, ки Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия давоми 25 соли фаъолият ба маркази бузурги илмӣ-методӣ табдил ёфта, ҳамчун муҳити боэътимод ҷиҳати рушди педагогҳои касбӣ нақши муассир мегузорад.

Ҳамзамон, изҳори умед шудааст, ки равобити Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия минбаъд низ таҳким ёфта, натиҷаҳои хуб хоҳанд гузошт.

Хотиррасон менамоем, ки конфронси байналмилалӣ таҳти унвони “Роль Российско-Таджикского (Славянского) университета в становлении и развитии науки и инновационного образования в Республики Таджикистан” доир гардида, дар 5 бахш идома ёфт. Дар кори конфронс устодони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров низ бо маърӯзаҳои пурмуҳтаво баромад намуда, донишгоҳро намояндагӣ намуданд.

Гуфта мешавад, ки мақолаҳои иштирокчиёни конфронс дар қолаби маҷмӯа интишор мешавад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ