​Донишгоҳи ман

Дар хобгоҳи №1 бо ташаббуси кафедраи технология ва методикаи таълимии он чорабинии тарбиявӣ – фарҳангӣ доир гардид. Ин иқдом ба муносибати 90 – солагии таъсисёбии Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, 30 – солагии Иҷлосияи16 – уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шуд.

Декани факултети санъати тасвирӣ ва технология Ҷӯраева Хайриҷон иштирокдорони ҷамъомадро ба муносибати санаҳои ҷашнӣ табрик гуфта, барои донишҷӯён барору муваффақият орзу намуд.

Дар идома аз ҷониби донишҷӯён дар васфи донишгоҳ шеърҳо қироат шуда, сурудҳои дилнишин садо доданд.

Саҳнаҳои ибратбахш, ки аз ҳаёти донишгоҳ қисса мекард, ба чорабинӣ мазмуни баландтар бахшид.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ