​Донишгоҳи ман – макони илму маърифат

Бо ташаббуси кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкология ва туризм бахшида ба 90-умин солгарди таъсисёбии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров чорабинии илмӣ-амалӣ баргузор гардид.

Мудири кафедра дотсент Дадобоев Музаффар дар бораи таърихи донишгоҳ маълумот дода, аз дастоварду ташаббусҳои созандаи устодону донишҷӯён хотиррасон гардид.

Дотсенти кафедраи экология ва ҳифзи табиат Очилова Фотимахон дар мавзӯи “Донишгоҳи ман- макони илму маърифат” маърӯза намуда, аз нерӯи илмиву иқтидори зеҳниву эҷодии донишгоҳ таъкид дошт.

Ҳамзамон, як қатор устодон таассуроту хотироти худро аз замони таҳсил ва фаъолият дар донишгоҳ зикр намуданд.

Дар идома аз ҷониби донишҷӯёни ихтисоси экологияи умумӣ дар васфи Ватан, донишгоҳ, омӯзгор шеърҳо шунида шуда, саҳнаҳо ба намоиш гузошта шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ