Донишгоҳ бо Сипосномаи Кумитаи рушди сайёҳӣ қадр шуд
Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ҷиҳати иштироки фаъолона дар Форуми илмии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ва олии соҳаи сайёҳии мамлакат таҳти унвони “Имкониятҳои рушди сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон: ҳолат ва дурнамои он” бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷамъбасти “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” (2019-2021) ва Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” бо Сипосномаи Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуд.
Маврид ба зикр аст, ки дар Форуми илмии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ва олии соҳаи сайёҳии мамлакат, ки таҳти унвони “Имкониятҳои рушди сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон: ҳолат ва дурнамои он”, бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва дар моҳи декабри соли равон ҷамъбаст гардид, 7-нафар донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров сазовори диплом ва сипоснома гардиданд.
Маркази иттилоот ва таҳлил