​Донандагони беҳтарини забони чинӣ муайян мешаванд


Дар факултети забонҳои шарқ аз фанни забонҳои чинӣ даври аввали олимпиадаи фаннӣ баргузор гардид. Ба ҳайси довари асосии олимпиада муаллимаи чинӣ Ян Десия интихоб гардид.

Дар олимпиада донишҷӯёне, ки забони чиниро меомӯзанд, иштирок карданд. Таъкид гардид, ки олимпиадаи мазкур ҷиҳати дарёфти ҷавонони забондон заминаи мусоид мегузорад.

Гуфта шуд, ки имрӯз ҷавонони мо ҳамчун нерӯи бузурги бунёдгару созандаи мамлакат эътироф шудаанд. Зеро имрӯз Тоҷикистон аз назари демографӣ дар ҳоли рушди доимӣ қарор дорад ва аз нисф зиёди аҳолӣ, яъне қувваи асосии пешбарандаи онро ҷавонон ташкил медиҳанд.

Хотиррасон менамоем, ки ғолибони даври аввал ба даври дуюм роҳхат пайдо хоҳанд кард.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ