Доир ба омилҳои ифротгароии ҷавонон табодули афкор сурат гирифт

Бо мақсади пешгирии гароиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ дар заминаи “Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020” дар ҳамкорӣ бо Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Суғд вохӯрӣ ташкил ва гузаронида шуд. Ҷамъомад дар факултети филологияи тоҷик бо ширкати донишҷӯён ва устодон ҷараён гирифт.

Дар он раиси Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Суғд Мӯсобек Мироватов баромад дошта, қайд намуд, ки “бархе аз ҷавонону наврасон бинобар надоштани маълумоти пурра аз таъсири оқибатҳои ноустувори шабакаҳои иҷтимоӣ побанди раванди зуҳуроти гуногуни номатлуби ҷомеа мегарданд. Созмону гурӯҳҳои тафриқаангез бештар бо истифода аз ҳар гуна роҳҳо байни ҷавонон ихтилофи мазҳабӣ паҳн намуда, ба ин васила низоъу нофаҳмиҳоро ба вуҷуд меоранд. Ин тоифа, ки асосан ташкилотчӣ ва саркардаҳои гуруҳҳои ифротгаро мебошанд, аз бетаҷрибагии ҷавонон истифода бурда онҳоро шомили ҳар гуна гурӯҳҳои экстремистӣ ва террористӣ мегардонанд.”


Илова гардид, ки воқеан таъсир ва ташаккули равия террористӣ ба фазои ҷаҳони ислом таҳдид намуда истодааст. Ҳаёти кишварҳои мусулмонӣ имрӯз нишон медиҳанд, ки таъсис додани ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро дар минтақа ва дастгирӣ ёфтани онҳо аз ҷониби қудратҳои ҷаҳонӣ як мушкилоти сарбаста шудааст.
Тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо қайд намудаан “Терроризм ватан, забон, наҷод ва дин надорад. Ин бадбахти оламшумуле гардидааст, ки ба муқобили он якҷоя мубориза бурда, ба ҳамдигар кӯмак расонда, тадбирҳои худро мувофиқ сохтан зарур аст.”

Дар ин вохӯрӣ чанде аз фаъолон ва донишҷӯён фикру ақидаи худро нисбати ин падидаи номатлуб - терроризм ва экстремизм баён доштанд.


Аз ҷониби Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Суғд ба 4 донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд стипендияи Кумитаи вилоятӣ таъин ва тақдим карда шуд. 4 нафар ҷавонони фаъол, ки дар тарғибу ташвиқи сиёсати давлату ҳукумати кишвар, мусоидат дар баланд бардоштани ҳуввияти миллӣ, ватандӯстӣ, ватанпарастӣ дар байни ҷавонону наврасон саҳми арзанда гузоштаанд ва ҳамчунин, 2 донишҷӯи донишгоҳ барои касби зинаи аввал ва иштироки фаъолона дар Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ...” бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадр гардиданд.
Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ