​Дирӯзи пуршукуҳ ва имрӯзи босаодати донишгоҳ

Дар факултети иқтисодӣ бо ташаббуси кафедраи идоракунии иқтисодиёт ва маркетинг таҳти унвони “Дирӯзи пуршукуҳ ва имрӯзи босаодати донишгоҳ” конфронси илмӣ-назариявӣ баргузор гардид.

Ин ташаббус дар доираи нақшаи чорабиниҳои донишгоҳ - “90 рӯзи комгорӣ ва саодат” бахшида ба 90-солагии таъсисёбии донишгоҳ ба роҳ монда шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар конфронси мазкур доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Қодиров Абдураҳмон таҳти унвони “Дирӯз, имрӯз ва фардои донишгоҳ” маърӯза намуд.

Номбурда доир ба таърихи пайдоиши аввалин факултетҳои омузгорӣ ва ғайриомӯзгорӣ, ташкили Шӯроҳои дифои номзадӣ аз рӯиравияҳои таърих, иқтисодӣ, адабиёт ва забони тоҷикӣ маълумот дода, дар бораи пешрафти фаъолияти таълим, илм ва тарбия ибрози назар намуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ