​Дифои рисолаи номзадӣ муборак бошад Маъруфҷон Қаюмҷонович!

Санаи 30 октябри соли равон дар Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА−023 дар назди Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, ки номнавис дар КОА-и Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ҳимояи рисолаи номзадии Маҳмудов Маъруфҷон Қаюмҷонович зери роҳбарии доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Бобоҷонов Даврон Додоҷонович дар мавзӯи “Формирование и развитие регионального рынка экологически чистой агропродовольственной продукции (на материалах Согдийской области Республики Таджикистан)”, барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои иқтисодӣ сурат гирифт.

Роҳбарият ва ҷомеаи меҳнатии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Маҳмудов Маъруфҷон Қаюмҷоновичро барои дифои бомуваффақияти рисолаи номзадӣ табрик гуфта, саломатӣ, сарбаландӣ, комёбӣ ва тавфиқи пайвастаро дар фаъолияти минбаъдаи роҳбарӣ ва илмиву эҷодиашон таманно менамояд. Бигузор, тадқиқоту ҷустуҷӯҳо дар илми иқтисодӣ ва бурдбориҳоро ҳамеша ёратон бод.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ