​Дифференсиатсия ва интегратсияи илмҳо

Бо мақсади такмил додани маҳорати омӯзгорони ҷавон як қатор устодони кафедраи умумидонишгоҳии фалсафа дар дарси магистрантон мунтазам иштирок мекунанд. Ин навбат иштирок дар дарси магистрантони факултети филологияи рус сурат гирифт.

Дарс ба мавзӯи “Дифференсиатсия ва интегратсияи илмҳо” бахшида шуд. Дар доираи дарс масъалаи роҳҳои такмил додани донишҳои илмӣ баррасӣ гардида, баҳсҳои ҷолиб аз тарафи магистрантон ҷараён гирифт.

Маълум буд, ки магистрантон фанни фалсафа ва методологияи илмро хуб дарк менамоянд ва пайваста бо роҳбари худ донишҳои худро сайқал медиҳанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ