​ДДХ:Беш аз 6000 нафар Паём тамошо карданд

Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки имрӯз ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа ёфт, дар раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва тамоми факултетҳо тамошо карданд.

Иттилоъ дода шуд, ки ҷиҳати тамошои Паём дар тамоми биноҳои таълимӣ шароити зарурӣ фароҳам оварда шуда, дар маҷмуъ, беш аз 6000нафар устодону донишҷӯён Донишгоҳ Паёми навбатии Президенти кишварро тамошо намуданд.

Ректори донишгоҳ профессор Аюб Усмонзода пас аз анҷоми Паём суханронӣ намуда, таъкид намуд, ки Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳуҷҷати роҳнамо ва дастури созанда мебошад, ки ҷомеаи меҳнатии донишгоҳро ба сӯйи музаффариятҳои тозаву навин ҳидоят мекунад.

Зикр гардид, ки Пешвои муаззами миллат ин навбат низ зимни ироаи Паём ба масъалаи таъмини рушди соҳаи илму маориф, дастгирии омӯзгорон, таҳкими иқтидори илмиву педагогии онҳо, сифати баланди таълим аҳамияти хос зоҳир намуданд.

“Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ низ аз зарурияти сифати таълим ва нақши устодонро дар тарбияи ҷавонон муассир унвон намуда, таъкид доштанд, ки давлатро маҳз мутахассис обод мекунад. Дар ин замина мову Шумо вазифадор ҳастем, ки рисолати касбии хешро дар сатҳи шоиста анҷом дода, дар самти тайёр намудани кадрҳои лаёқатманду ҳирфаӣ аз тамоми имконият истифода барем”- афзуд профессор Аюб Усмонзода.

Таъкид рафт, ки 40% баланд шудани маоши кормандони буҷетӣ ва тамоми намуди стипендияҳо шуруъ аз моҳи июли соли 2024 далел аз ғамхорӣ ва дастгириҳои Роҳбари олии мамлакат аст, ки пайваста зоҳир шуда, тавассути Паём ҳамасола аз он мужда дода мешавад.

Ректори донишгоҳ устодону донишҷӯёнро даъват намуд, ки Паёмро сармашқи фаъолияти худ қарор дода, ҷиҳати татбиқи самараноки он дар раванди фаъолияти хеш кӯшиш намоянд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ