ДДХ: зиёфати идона ба сарбозони қисми ҳарбии 07746
![](/tj/image.html?item=News9569&dirtyAlias=bd6dc2f41b-1.jpg)
Таҳти сарварии ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Борбоҷон Ғафуров профессор Усмонзода Аюб Ислом ва устодони факултети тарбияи ҷисмонӣ ба қисми ҳарбии 07746 (Маркази таълимии гарнизони Суғд) ташриф оварда, ба сарбозон дастархон ороста, хӯроки нисфирӯзи ташкил намуданд.
Командири қисми ҳарбӣ полковник Маносир Мирзозода меҳмононро пешвоз гирифт. Сипас, дар майдончаи сафароӣ саф ороста шуд.
Ҳамзамон Дар чорабинии имрӯза муовини вазири мудофиаи оид ба ақибгоҳ генерал–майор Ҳукмиддинзода Хайриддинташриф оварда аз иқдоми роҳбарияти ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров изҳори сипосмандӣ намуд.
Баъди хӯроки нисфирўзӣ афсарону сарбозон аз ғамхориҳои роҳбарияти олии мамлакат нисбат ба онҳо изҳори қаноатмандӣ карданд. Гуфта шуд, ки ба шароити буду боши онҳо пайваста таваҷҷуҳ зоҳир гардида, дар ҳар иду ҷашн ба сарбозон таваҷҷуҳи хооса зоҳир мегардад ва дастархон ороста мегардад.
Таъкид шуд, ки хизмат дар сафи Артиши миллӣ шараф ва ифтихору нишонаи ҷавонмардӣ буда, барои тарбияи рӯҳию ҷисмонӣ ва сайқали тафаккури ҷавонон мактаби бузург аст.
Дар интиҳо як қатор афсарону сарбозони қисми низомии мазкур бо тӯҳфаҳои хотиравии раёсати Донишгоҳ қадршиносӣ гардиданд.
Маркази иттилоот ва таҳлил