​ДДХ: Тарғиби намудҳои нодири паррандагон

Дирӯз дар мавзеи Хуррамшаҳр бо мақсади тарғиби намудҳои нодири паррандагон бо ҳузури мутахассисон ва алоқамандони соҳа, донишҷуёну омўзгорон чорабинии илмӣ-тарбиявии баргузор гардид.

Дар чорабини Исмоилзода Зуфар Муртазохон – раиси ҲХДТ дар вилояти Суғд ва ректори донишгоҳ профессор Усмонзода Аюб Ислом иштирок ва суханронӣ намуданд.

Ректори донишгоҳ профессор Усмонзода Аюб ба кори чорабинӣ ҳусни оғоз бахшида, ҳузури меҳмононро хайрамақдам гуфт. Мавсуф афзуд, ки дар шароити навини ҷаҳонишавӣ нигоҳ доштани навъҳои нодири паррандагони қаламрави кишвар, аз ҷумла вилояти Суғд ва бо ворид кардани навъҳои навини онҳо дар дигар минтақаҳои олам яке аз масъалаҳои муҳим ва қобили мулоҳиза ба шумор меравад. Ҳангоми сафарҳои кориашон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тамоми минтақаҳои кишвар ба корхонаҳои паррандапарварӣ ташриф оварда, навъҳои гуногуни паррандагонро барои гуногунранг гардонидани табиати Тоҷикистон ба фазои озод сар медиҳанд.

Исмоилзода Зуфар Муртазохон зимни суханрониаш афзуд, ки мақсади ба танзим даровардани фаъолияти паррандапарварӣ Ҳукумати мамлакат «Барномаи рушди соҳаи паррандапарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои солҳои 2007-2015» қабул намуд, ки ин барнома заминаи рушди соҳаи паррандапарвариро фароҳам овард.

Дар давоми 8 соли татбиқи барномаи мазкур корҳои муайяне дар ин самт ба анҷом расида, аввалин ташаббусҳои созанда ба миён омаданд.

Номбурда дар идома қайд намуд, ки Ҳукумати мамлакат дар солҳои баъдӣ барои пешбурди сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи паррандапарварӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи паррандапарварӣ»-ро қабул намуд, ки ҷиҳати таъсиси корхонаҳои паррандапарварӣ, зотпарварӣ, зиёд намудани теъдоди паррандагони хушзот заминаи мусоид фароҳам овард. Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқии рушди соҳаро муқаррар намуда, муносибатҳоро вобаста ба ин самт ба танзим даровард.

Дар идомаи чунин ташаббусҳо соли 2019 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон намудани мараторий дар соҳаи паррандапарварӣ» ба тасвиб расид, ки раванди рушди соҳаи мазкурро тезонид.

Гуфта шуд, ки Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар татбиқи иқдомҳои шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша тадбирҳои муҳимеро роҳандозӣ менамояд. Аз ҷумла, ташкили чунин чорабиниҳои муҳим сафи алоқамандону дўстдорони табиатро афзоиш дода, донишу огоҳиҳои муҳассилинро афзоиш медиҳад.

Иттилоъ дода шуд, ки дар чорабинии имрўза 12 намуди парранда ба маърази тамошо гузошта шуд.

Дар интиҳои чорабинӣ бо иштироки донишҷўён маҳфилҳои мубоҳисавӣ, виктаринаҳо ва қироати шеърҳоро роҳандозӣ гардид, ки мазмуну моҳияти чорабиниро рангину пурмазмун намуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ