ДДХ: ТАМОШОИ ДАРСИ СУЛҲИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Санаи 30 августи соли 2025 дар Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» тамошои суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ баргузор шуд, ки аз он беш аз 7500 нафар омӯзгорону донишҷӯён бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ дидан намуданд.


Дар раёсати донишгоҳ ва ҳамаи факултету кафедраҳои он барои дар сатҳи баланд баргузор намудани ин рӯйдоди муҳимми сиёсиву маърифатӣ имконият фароҳам оварда шуд, то ҷомеаи меҳнатии донишгоҳ — омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯён дар фазои дӯстиву ваҳдат, руҳияи баланди масъулиятшиносӣ ва шукргузорӣ аз сулҳу суботи миллӣ, суханронии Пешвои муаззами миллатро гӯш кунанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо таъкид ба арзишҳои сулҳу ваҳдати миллӣ иброз доштанд, ки чун анъанаи нек бо Дарси сулҳ оғоз гардидани соли таҳсил дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот барои хонандагону донишҷӯёни кишвар аҳаммияти басо муҳимми таълимиву тарбиявӣ дорад. Зеро танҳо дар сурати барқарор будани сулҳу суботи комил ва оромиву осоиштагӣ ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, аз ҷумла раванди таълиму тарбия рӯ ба рушд мениҳад. Яъне амалӣ гардидани ниятҳои неки ҳар як инсон ва нақшаву барномаҳои созандаи давлату ҷомеа фақат дар шароити сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ имконпазир мебошад.

Ректори Муассисаи давлатии таълимии "Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров" Набизода Мирзотоҳир Сайфиддин баъд аз анҷоми тамошои суханронии Пешвои миллат ба муносибати Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ аҳаммияти таърихиву сиёсӣ ва тарбиявии ин дарсро махсус зикр намуд. Таъкид гардид, ки суханони Пешвои муаззами миллат имрӯз барои ҳар як шаҳрванди ватандӯст, бахусус барои аҳли маориф ва донишҷӯёни донишгоҳ, на танҳо як паём, балки роҳнамои зиндагӣ ва дастури омӯзишиву тарбиявӣ мебошад. Ректори донишгоҳ илова намуд, ки сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат заминаи муҳимми таҳкими сулҳу субот, рушди илму маориф ва пешрафти ҳамаҷонибаи кишвар гардидааст.

Хотиррасон менамоем, ки дар даврони Истиқлоли давлатӣ дар оғози соли таҳсил таҷлил намудани Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилоти низоми маорифи кишвар ба яке аз анъанаҳои неки умумимиллӣ дар Тоҷикистон табдил ёфта, ҳамчун падидаи муҳимми маърифатӣ ва идеологӣ ҷавононро ба посдошти сулҳ, дӯстӣ, ягонагӣ ва ваҳдати миллӣ раҳнамун месозад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ