​ДДХ: Таҷлил аз Рӯзи омӯзгорон

29-уми сентябри соли равон дар толори "Қасри ҷавонон"-и ба номи Лоиқ Шералии шаҳри Хуҷанд чорабинии адабиву фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи омӯзгорон доир гардид, ки дар он ҳайати профессорон, омӯзгорон, олимону донишмандон ва собиқадорону кормандони сохторҳои Донишгоҳ ширкат доштанд.

Ректори донишгоҳ профессор Усмонзода Аюб Ислом омӯзгоронро бо рӯзи касбӣ табрик гуфта, ба фаъолияти илмиву эҷодӣ ва иҷрои рисолати пуршараф пирӯзиҳои навинро таманно дошт. Аз ҷумла, таъкид намуд: “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати арҷгузорӣ ба хидмати омӯзгорон ва тақдир аз заҳмату меҳнати мондагори онҳо мунтазам иқдом намуда, дар самти иҷрои рисолати шарифи худ – тарбияи кадрҳои лаёқатманду ҳирфаӣ аз тамоми имконият истифода мебарад.

Донишгоҳи азизи мо агар аз як тараф ҳамчун маркази бонуфузи илмиву педагогӣ доираи васеи омӯзгорони соҳибтаҷрибаву соҳибмактабро муттаҳид намояд, аз ҷониби дигар, дар самти тарбияи кадрҳои ҳирфаии касби пуршарафи омӯзгорӣ саҳми шоиста гузошта меояд.”

Ҳамчунин ректори донишгоҳ баробари зикри нақшу хизмати омӯзгорон дар таълиму тарбия иброз дошт, ки "Воқеан омӯзгор афрӯзандаи чароғи дурахшони илму дониш ва роҳнамои зиндагии башарият аст. Аз ин рӯ, дар дӯши муаллим вазифа ва рисолати хеле бузург ниҳон аст. Фаъолияти омӯзгорон ба ояндаи давлату миллат нақши созгор дорад."

Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Дастгоҳи Раиси вилояти Суғд профессор Тоҷибой Султонзода паёми табрикии Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзодаро ба саҳми ҳозирин расонида, доир ба таваҷҷуҳи роҳбарияти давлату ҳукумат бобати рушди соҳаи маориф ва илм, нақши омӯзгорон дар тайёр намудани кадрҳои баландихтисос ва ҳавасмандии моддиву маънавии онҳо ҳарф зад.

Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Исматҷонов низ ҷомеаи меҳнатии донишгоҳро бо иди касбӣ табрик гуфта, аз дастовардҳои соҳа ёдовар шуд.

Аз тарафи роҳбарият беш аз 150 нафар собиқадорони Донишгоҳ, омўзгорони муваффақ, олимон ва кормандоне, ки дар таълиму тарбияи донишҷӯён саҳми арзишманд гузоштаанд, бахшида ба Рўзи омўзгорон бо нишонҳои Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд. Инчунин ба 128 нафар кормандон Раҳматнома эълон карда шуда, ба дафтарчаи меҳнатии онҳо қайд карда шуд.

Барномаи фарҳангӣ пешкаши омӯзгорон гардида, чорабинӣ бо руҳияи идона ҳусни анҷом пазируфт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ