​ДДХ: тақсимоти ройгони ду тонна анвои гуногуни мева

Дар партави сиёсати созанда ва маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастури роҳбарияти Донишгоҳ, профессор Усмонзода Аюб Ислом беш аз ду тонна меваҳои мавсимии зардолу, себ, олу ва олуча ба устодону кормандон ва собиқадорон тақсим карда шуд. Иқдом мазкур ҳамасола аз ҷониби раёсати Донишгоҳ ҷиҳати дастгирии устодону кормандон ва собиқадорони соҳа ба ҳукми анъана даромадааст.

Иттилоъ дода шуд, ки Минтақаи таълимӣ-таҷрибавии “Палос”-и Донишгоҳ бо масоҳати 25,9 гектар дар ҷамоати Дадобой Холматови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷойгир буда, дар минтақаи мазкур беш аз 15 намуд дарахтони мевадиҳанда парвариш карда мешаванд.

Тибқи иттилои Абдусалом Шукурбоев - директори минтақаи таълимӣ-таҷрибавии “Палос” дар минтақа наздик 10 ҳазор бех ниҳолҳои гуногун парвариш ёфта, ҳамасола беш аз 20 тонна анвои гуногуни мева аз ин минтақа ба даст оварда мешавад.

Раёсати донишгоҳ ҷиҳати шинонидани дарахтони ба шароиту иқлим мувофиқ, зиёд намудани ҳосили дарахтони мевадиҳанда, истифодаи самараноки замин ва корҳои ободонӣ дар минтақа мунтазам тадбирҳои зарурӣ анҷом медиҳанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ