​ДДХ: таҳкими робитаҳои байналмилалӣ

Дар доираи баргузории Форуми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон, ки дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти унвони “Муносибатҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи таҳсилоти олӣ, илм ва инноватсия ҳамчун асоси рушди иқтисодиёти миллӣ” баргузор гардид, Вазирони маориф ва илми ин ду кишвар, 50 ректори муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ ва муовинони онҳо оид ба муносибатҳои байналмилалӣ ширкат варзиданд.

Дар Форуми мазкур Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуровро ректори донишгоҳ, профессор Усмонзода Аюб Ислом ва муовини ректор оид ба муносибатҳои байналмилалӣ Давлатзода Рухсора муаррифӣ ва намояндагӣ карда, ҷиҳати вусъат бахшидани ҳамкориҳо бо Донишгоҳи давлатии забон ва адабиёти ӯзбеки Тошкент ба номи Мирзо Улуғбек, Донишгоҳи давлатии Фарғона ва Донишгоҳи технологияҳои иттилооти Тошкент ба номи М. Ал – Хоразмии Ҷумҳурии Ӯзбекистон шартномаҳои ҳамкорӣ ба тавсиб расониданд.

Гуфта мешавад, ки Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров то имрӯз бо зиёда аз 25 донишгоҳи олии ҳамсоякишвар ҳамкориро дар самти қабули донишҷӯён аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои таҳсил дар зинаи бакалавр, табодули таҷрибаи устодону кормандон, ташкили семинару конференсияҳои якҷояи илмӣ-амалӣ ва амсоли инҳоро роҳандозӣ намудааст, ки дар натиҷа, ташрифи тарафайни олимон, иштирок дар ҳамоишҳои илмиву фарҳангӣ ва амсоли инҳо ба ҳукми анъана даромадааст.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ