​ДДХ: Тадбирҳои меҳрафзун барои ҷавонон

Дастгирӣ ва пуштибонии ҷавонон дар шумори тадбирҳои меҳварии сиёсати инсонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, бо ҳадафи амалӣ намудани он аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд пайваста корҳои муайяне ба сомон расонида мешавад. Аз ҷумла, зимни ҷаласаи ҷамъбастии семоҳаи аввали нишондиҳандаҳои хоҷагии халқи вилоят ба муносибати фаро расидани Иди Сайиди Фитр Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода барои мавриди тавааҷҷуҳ қарор додани табақаҳои гуногуни аҳолӣ, хоса ҷавонону донишҷӯёни зери парастории Пешвои муаззами миллат қарордошта дастурҳои мушаххас манзур намуданд.

Бо мақсади татбиқи сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат ва амалӣ намудани дастури Раиси вилояти Суғд дар толори раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров мулоқоти самимонаи ректори донишгоҳ, профессор Усмонзода Аюб Ислом бо ҷавонон-донишҷӯёни зери таваҷҷуҳи ҳамешагии роҳбарияти давлату ҳукумат қарордошта баргузор гардид.

Дар ҷараёни ин суҳбат ректори донишгоҳ бо ишорат ба ҳидоятномаҳои Пешвои миллат таъкид дошт, ки “Дар ин моҳи муборак, баробари ба ҷо овардани фаризаву суннатҳои динӣ, иҷрои амалҳои солеҳ, аз ҷумла хайру эҳсон ва дастгириву навозиши ятимону маъюбон ва камбизоатҳову муҳтоҷон аз сифатҳои шоиставу башардӯстонаи ҳар як мусулмони савобҷӯ мебошанд. Бовар дорам, ки на танҳо соҳибкорону тоҷирон, балки ҳар як инсони хайрхоҳу ҳимматбаланд дар ин моҳи шариф иқдому аъмоли неку писандидаи худро густариш мебахшад ва бо саховату ҷавонмардӣ намунаи ибрат нишон дода, соҳиби савоби зиёд мегардад”.

Дар идома ҷавонон - иштирокчиёни чорабинӣ бо шукргузорӣ аз соҳибистиқлолии кишвар ва дастгирии моддиву маънавӣ ба роҳбарияти давлату ҳукумат изҳори сипосмандӣ намуда, бовар бахшиданд, ки бо дарки ин таваҷҷуҳи ҳамешагӣ донишу малакаи худро ҷиҳати рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат масраф хоҳанд намуд.Аз ҷумла, аз ҷониби донишҷуён пешниҳод гардид, ки барои омӯзиши забонҳои хориҷӣ, барномаҳои компутерӣ, мутолеаи осори адибон бо забонҳои мухталиф, дастгирии донишҷуёни соҳибистеъдод ва нашри маҳсули эҷоди онҳо мусоидат карда шавад.

Ректори донишгоҳ бо қаноатмандӣ аз ташаббусҳои донишҷуён изҳор намуд, ки раёсати Донишгоҳ омода аст, ки тамоми пешниҳод ва дархости донишҷуёнро дастгирӣ намуда, барои забономӯзӣ, боло бурдани маърифати онҳо дар самти барномаҳои муосири технологияҳои иттилоотӣ, таҳия ва нашри маҳсули эҷоди ҷавонон тамоми шароитҳоро муҳайё намояд.

Дар ҷараёни мулоқоти мазкур аз ҷониби ректори донишгоҳ профессор Усмонзода Аюб Ислом ба 103 нафар донишҷӯи мавриди таваҷҷуҳи ҳамешагӣ қарордошта ба миқдори аз 100 то 300 сомонӣ туҳфаҳои Раиси вилояти Суғд тақдим карда шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ