ДДХ: ШУРОИ МАШВАРАТИИ НАЗДИ РАЁСАТИ ДОНИШГОҲ ТАЪСИС МЕЁБАД

Дар толори раёсати донишгоҳ мулоқоти ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» Набизода Мирзотоҳир Сайфиддин бо ҳайати профессорон доир гардид. Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои марбут ба ҷалби таҷрибаи арзишманди устодони соҳибтаҷриба ба фаъолияти имрӯзаи донишгоҳ баррасӣ шуд.

Набизода Мирзотоҳир Сайфиддин таъкид намуд, ки ҳузури устодони соҳибтаҷриба ва дорои собиқаи бойи меҳнатӣ дар ҳаёти донишгоҳ имкон медиҳад, ки робитаи наслҳо тақвият ёбад ва барои рушди ҳамкориҳои илмӣ ва байналмилалӣ шароити мусоид фароҳам оварда шавад.

Таъкид гардид, ки устодони соҳибунвон ҳамчун ганҷи маънавӣ ва сарвати бебаҳои донишгоҳ бо таҷрибаи ғанӣ, андешаҳои хирадмандона ва сабақҳои зиндагии худ метавонанд барои пешбурди фаъолияти таълимӣ, такмили барномаҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва тарбияи насли ҷавон нақши созанда гузоранд.

Дар доираи машварат масоили таъсиси Шурои машваратии назди раёсати донишгоҳ пешниҳод гардид, ки ҳадафи асосии он мусоидат ба рушди равандҳои фаъолияти донишгоҳ унвон мешавад.

Чанде аз профессорон оид ба масъалаҳои муҳимми рушди донишгоҳ ва фаъолияти минбаъдаи Шурои машваратии назди раёсати донишгоҳ андеша ва пешниҳодҳои худро иброз намуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ