ДДХ: Супоришҳои вазир дар амал
Имрӯз дар заминаи иҷрои дастуру супоришҳои Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон профессор Саидзода Раҳим Ҳамро бобати беҳтар гардонидани сатҳу сифати таҳсилот таҳти роҳбарии иҷрокунандаи вазифаи ректори донишгоҳ профессор Абдуфаттоҳ Раҳимов ҷаласаи корӣ баргузор гардид.
Дар ҷаласа мувинони ректор, сардорони раёсату шуъбаҳо, деканҳои факултетҳо ва мудирони кафедраҳои умумидонишгоҳӣ ширкат доштанд.
Профессор Абдуфаттоҳ Раҳимов кори ҷаласаро ифтитоҳ намуда, амалӣ намудани методу усулҳои муосири таълим, истифодаи технологияҳои иттилоотию иртиботӣ, воситаҳои аёнӣ ва ёрирасон, шаклҳои гуногуни муаррифиҳои (презентатсия) мавзуҳои дарсӣ аз ҷониби омӯзгорон ва ба ин васила баланд бардоштани сифати таълимро аз ҳадафҳои меҳварии ҷаласа унвон намуд.

Зикр гардид, ки истифодаи васеи воситаҳои техникӣ, китобҳои дарсӣ, адабиёти иловагӣ, ташкили дарсҳои интерактивӣ, мониторинги сифати таълими фанҳои дақиқ, табиӣ, риёзӣ ва ҷомеашиносӣ, иштироки пайвастаи раёсати таълим, шуъбаи идоракунии сифати таҳсилот ба дарсҳо, баррасии мунтазами он дар ҷаласаи деканату факултетҳо, Шӯрои таълимии методии донишгоҳ ва омода намудани мутахассисони баландихтисос аз масоили муҳим арзёбӣ гардиданд.
Гуфта мешавад, ки дар асоси супоришҳои Вазири маориф ва илми кишвар нақшаи чорабиниҳои умумидонишгоҳӣ таҳия гардида, мунтазам мавриди иҷро ва таҳти назорати масъулони донишгоҳ қарор дода мешавад.
Маркази иттилоот ва таҳлил