​ДДХ: Оғози мусобиқаҳои варзишӣ

Аз 10-уми октябр то 10-уми ноябри соли 2023 бахшида ба 32 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим, оммавигардонии варзиш, баланд бардоштани маҳорати варзишӣ ва дарёфти варзишкорони соҳибистеъдод дар Донишгоҳ мусобиқаҳои варзишиӣ азрӯи намуди футболи хурд ва волейбол байни устодону кормандон ва донишҷӯён роҳандозӣ карда мешавад.

Дар маросими ифтитоҳи мусобиқаҳои варзишӣ ректори Донишгоҳ профессор Усмонзода Аюб Ислом ширкат варзида, афзуд, ки боиси ифтихору сарфарозист, ки дар кишвари азизу соҳибистиқлоламон соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар меҳвари таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, дар ин заминадар кишвар як силсила санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия ва қабул гардиданд, ки ба ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим, оммавигардонии варзиш, бунёди иншооти варзишӣ, баргузор гардидани мусобиқаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ ва омодакунии варзишгарони касбӣ мусоидат намуданд.

Бо иқтибос аз суханронииПешвои миллат таъкид гардид, «Маҳз ҷавононанд, ки дар оммавигардонии варзиш нақши асосӣ дошта, ба шарафи пирӯзиҳои онҳо парчами Тоҷикистони маҳбуби мо дар гӯшаҳои гуногуни дунё парафшонӣ мекунад”.

Зимнан иттилоъ дода шуд, ки дар мусобиқаи варзишӣ азрӯи намудҳои футболи хурд ва волейбол доир гардида дар он 18 даста аз раёсати донишгоҳ, кафедраҳои умумидонишгоҳӣ ва факултетҳо байни ҳам қувваозмоӣ менамоянд.

Дар фарҷом ғолибони мусобиқа бо сипосномаву ифтихорнома ва дигар туҳфаҳои раёсати донишгоҳ қадр карда мешаванд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ