​ДДХ: Мулоқот бо донишҷӯёни хориҷӣ

Кормандони шуъбаи робитаҳои байналмилалии донишгоҳ пайваста аз шароити будубош ва таҳсили донишҷӯёнм хориҷӣ дидан менамоянд. Дар робита дирӯз дар толори факултети физикаю техника Гузал Мирсаминова - мудири шуъба, М.Ҳафизова - сардори бахши кор бо шаҳрвандони хориҷӣ бо донишҷӯёни хориҷиифакултетҳои телекоммуникатсия ва ТИ, биология-химия, санъати тасвирӣ, математика мулоқот доир намуданд. Иттилоъ дода шуд, ки ҳадафи баргузории вохӯрӣ шинос намудани донишҷуёни хориҷӣбо қоидаҳои зисту зиндагонӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ҳамзамон, ба донишҷӯёни хориҷӣ оид ба масъалаҳои хатарзои ҷаҳони муосир, аз қабили терроризму ифротгароӣ, экстремизм суҳбат гузаронида, хоҳиш ба амал оварда шуд, ки зираку ҳушёр бошанд ва ба ақидаҳои ифроти дода нашаванд. Зимнан қайд гардид, ки донишҷӯён хориҷӣ, бояд қоидаҳои умумидохилии донишгоҳро риоя намоянд. Дар рафти мулоқот донишҷӯён ба суолҳои пешниҳод намудаашон ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ