ДДХ: ​Махзани илму ирфон

Дар факултети филологияи тоҷик бо ташаббуси дотсенти кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти тоҷик Шоира Пулодова чорабинии тарбиявӣ бо иштироки донишҷӯёни гурӯҳи 107-ум доир гардид. Дар маҳфил аз таърихи таъсиси донишгоҳ ва факултет, фаъолияти илмиву таълимии устодони фақид ва пуртаҷриба сухан рафт.

Ҳамзамон, қисме аз филми мустанади "Қаҳрамони замон" ки аз рӯзгору фаъолияти меҳнатӣ ва илмии профессор Абдусаттор Абдуқодиров нақл мекунад, намоиш дода шуд.

Дар идома китобҳои таълифнамудаи ин донишманди варзида, ба маърази тамошо гузошта шуд, ба донишҷӯён перомуни осори илмии эшон маълумоти муфассал дода шуд.

Дар интиҳо декани факултет Муҳаббат Тиллохоҷаева ба сухан баромада, роҷеъ ба арзишу аҳамияти осори мондагор ва заҳамоти бедареғи ин олими нуктадон, забоншиноси борикбин, услубшиноси мӯшикоф ва донишманди маъруф гузориш ироа намуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ