​ДДХ: ифтитоҳи маркази илмии “Глятсиология”

Имрӯз маросими ифтитоҳи маркази илмии “Глятсиология” (пиряхшиносӣ)-и факултети геоэкология ва туризми Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” бо ҳузури намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Тоҷибой Султонӣ, ректори Донишгоҳ профессор Усмонзода Аюб Ислом ва ширкати васеи устодону донишҷӯён баргузор гашт.

Нахуст, иштирокчиён аз дастовардҳои илмиву эҷодии устодон ва магистрантону донишҷуён, ки дар долон ба намоиш гузошта шуда буд, дидан намуданд.

Ректори Донишгоҳ профессор Усмонзода Аюб Ислом маркази илмии “Глятсиология”-ро ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои созанда ва ҷаҳонии Пешвои миллат дар самти омода намудани мутахассисони соҳаи обу иқлимшиносӣ ва пиряхшиносро муҳим маънидод намуд. Мавсуф иброз дошт, ки боиси ифтихор ва сарфарозист, ки санаи 14-уми декабри соли 2022 аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ташаббуси панҷуми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар соҳаи об якдилона бо қабули қатъномаи махсус тасдиқ намуд.Мувофиқи қатъномаи мазкур соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон карда шуда, рӯзи 21 март Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо эътироф гардид.

Тоҷибой Султонӣ ифтитоҳи маркази пиряхшиносии назди Донишгоҳро дар самти татбиқи ҳадафҳои ҷаҳони Пешвои миллат амали саривақтӣ ва муҳим арзёбӣ кард. Гуфта шуд, ки сиёсати байналмилалии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пазируфта шудани пешниҳодҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари азизамонро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ кард.

Иттилоъ дода шуд, ки маркази илмии “Глятсиология” фаъолияташро дар асоси низомнома ба роҳ монда, бо Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо мақсади омода намудани мутахассисони баландпоя ва ҷиҳати пешгирии обшавии пиряхҳо, роҳу усулҳои ҳифзи пиряхҳо тадбирҳои муҳимро роҳандозӣ менамояд. Гукфта шуд, ки марказ бо таҷҳизотҳои муосир муҷаҳҳаз буда, донишҷӯён дар раванди корҳои илмӣ-омӯзиши аз он фаровон истифода бурда метавонанд.

Профессор Усмонзода Аюб барои таҳкими фаъолияти марказ маслиҳатҳои муфид дода, масъулинро вазифадор намуд, ки самаранокии фаъолиятро таъмин намуда, барои дар амал татбиқ намудани донишҳои назариявии донишҷӯён тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Ҳамчунин, ҳозирин аз лабораторияи озмоишгоҳи таълимӣ – таҳлилии назди кафедраи экология ва ҳифзи табиат, осорхонаи минерологӣ ва петрографии назди кафедраи географияи табиӣ дидан ба амал оварда, ҷиҳати истифодаи самараноки таҷҳизоти техникӣ ба устодону донишҷӯён тавсияҳои судбахш ироа доштанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ