ДДХ: Давраи аввали озмуни Стипендияи президентӣ доир гардид

Дирӯз дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров барои дарёфти Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни донишҷӯёни донишгоҳ даври аввали озмун доир гардид.

Иттилоъ долда шуд, ки озмуни мазкур дар асоси мактуби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 январи соли 2013, №1402 “Дар бораи Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ” тибқи Низомнома роҳандозӣ карда шуд. Дар озмуни мазкур донишҷӯён аз ҳамаи факултетҳои донишгоҳ иштирок намуданд. Гуфта мешавад, ки тибқи хулосаи ҳайати ҳакамон ва пешниҳоди роҳбарияти донишгоҳ беҳтаринҳо ба даври ҷумҳуриявии озмун роҳ хоҳанд ёфт.

Озмун миёни донишҷӯёне тариқи буҷавӣ бо баҳои аъло таҳсил намуда, дар таҳқиқотҳои илмии инноватсионӣ, чорабиниҳои илмиву сиёсӣ ва корҳои ҷамъиятӣ фаъолона иштирок менамоянд баргузор гардид.

Ҳадафи баргузории озмун дарёфти донишҷӯёни соҳибистеъдоду фаъол ва лаёқатманду ташаббускор арзёбӣ шуд.

Мракзи ииттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ