ДДХ дар раддабандии беҳтарин донишгоҳи ҷумҳурӣ мақоми сеюмро соҳиб шуд

Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ба сегонаи беҳтарин донишгоҳҳои ҷумҳурӣ дохил шуд. Дар ин раддабандӣ, ки аз ҷониби Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт, ҷойи аввалро Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ҷои дуюмро Донишгоҳи тиббӣ ва ҷои сеюмро Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров соҳиб шуданд.

Дар ин раддабандӣ, ки аз рӯйи сифати таълим ҷараён мегирад, шумораи рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ, мақолаҳои илмӣ дар нашрияҳои Комиссияи олии аттестатсионӣ, шумораи ихтироот, натиҷаҳои тадқиқоти илмӣ ба назар гирифта мешаванд.

Ҳамзамон, фаъолияти методӣ, монографияҳои илмии нашршуда, теъдоди шарикон аз байни ташкилоту муассисаҳо, такмили ихтисоси омӯзгорон, таҷрибаомӯзии донишҷӯён дар хориҷа, базаи техникии донишгоҳ, таъмини китобҳои дарсӣ аз нишондодҳои дигари раддабандии мазкур аст, ки тибқи он мавқеи донишгоҳҳои ҷумҳурӣ муайян мешавад.

Маврид ба зикр аст, ки соли 2021 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бомуваффақият аз аттестатсияи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузашта, иҷозатномаи фаъолият барои панҷ соли ояндаро соҳиб гардид.

Феълан фаъолияти таълимии донишгоҳ дар 18 факултет ва 82 кафедра ба роҳ монда шуда, аз рӯи 99 ихтисос дар шуъбаи рӯзона ва 35 ихтисос дар шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ таҳсил ҷараён дорад. Дар донишгоҳ 876 нафар омӯзгор, аз ҷумла 38 нафар доктори илм, профессор, 402 нафар номзади илм, дотсент, 208 нафар сармуаллим ва 212 нафар муаллим фаъолият менамоянд, ки 52%-и теъдоди умумии омӯзгоронро устодони соҳибунвон ташкил медиҳанд.

Шоистаи таъкид аст, ки беш аз 144 номгӯ: 30 китоби дарсӣ, 52 монографияи илмӣ, 31 дастури таълимӣ-методӣ ва 31 маҷмўаи мақолоти устодони донишгоҳ нашр гардида, теъдоди мақолаҳои илмӣ ба 2120 адад расидааст, ки қариб 600 номгӯ аз соли гузашта зиёд мебошад.

Дар донишгоҳ 4 Шӯрои диссертатсионии аз ҷониби Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (PHD – Педагогика, филологияи тоҷик, санъати тасвирӣ ва технология ва Иқтисодиёт) фаъолия дошта, танҳо давоми соли 2021 - 40 рисолаи номзадӣ ва 4 рисолаи докторӣ ҳимоя шуданд, ки нисбат ба соли 2020 рисолаи номзадӣ 5 номгӯ ва рисолаи докторӣ 2 номгў зиёд дифоъ гардидааст.

Хотиррасон менамоем, ки Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров панҷум сол инҷониб мавқеи худро дар рӯйхати се донишгоҳи беҳтарини ҷумҳурӣ ҳифз мекунад, ки самараи фаъолияти судманди ҷомеа меҳнатӣ унвон мешавад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ