​ДДХ: ҳамкориҳо бо масъулини соҳаи маорифи Фаронса густариш меёбад

Имрӯз, санаи 17 - уми март ба факултети забонҳои шарқи донишгоҳ намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Фаронса дар Осиёи Марказӣ оид ба масъалаҳои соҳаи маориф ҷаноби Серж Беллинӣ ва атташеи соҳаи маорифи Сафоратхонаи Фаронса дар Тоҷикистон хонум Эва Тозийэ ташриф оварданд. Меҳмононро муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ дотсент Давлатзода Рухсора, декани факултет Раҳимов Ислом ва намояндагони раёсати донишгоҳу садорати факултет пешвоз гирифта, бо меҳмонон оид ба роҳ мондан ва густариш додани ҳамкориҳо баҳри фароҳам овардани шароити мусоид барои омӯхтани забони фаросавӣ суҳбати пурмӯҳтаво оростанд.

Инчунин, дар рафти гуфтушунид як қатор пешниҳодҳои муфид ҷиҳати тақвият бахшидани ҳамкориҳои муштарак, аз ҷумла дар самти табодули таҷрибаи донишҷӯёну аспирантон, тарҷумаи асарҳои адабии фаронсавӣ ба забони тоҷикӣ ва асарҳои адабии тоҷикӣ ба забони фаронсавӣ ироа шуданд.

Дар идома меҳмонон дар дарси кушоди омӯзгори забони франсузӣ Темиров Муқумҷон иштирок карданд. Дарси кушод дар мавзӯи “30-солагии робитаҳои байналмилалии Тоҷикистону Фаронса” ташкил шуда, донишҷӯёни бахши якум дараҷаи забондонии худро нишон доданд, ки боиси хушҳолии меҳмонон гардид.

Муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалии донишгоҳ Давлатзода Рухсора ба меҳмонон аз номи раёсати донишгоҳ миннатдорӣ баён карда, умед намуд, ки ҳамкории ҷонибҳо минбаъд низ таҳким хоҳад ёфт.

Изҳори бовар шуд, ки донишҷӯён забони фаронсавиро дар сатҳи баланд омӯхта, ҷиҳати густариши равобити Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фаронса саҳмгузор хоҳанд шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ