​ДДХ: 200 нафар дар даври донишгоҳии озмуни ““Тоҷикон”- оинаи таърихи миллат” иштирок намуданд

Дар толори калони раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров даври якуми озмуни ҷумҳуриявии ““Тоҷикон” – оинаи таърихи миллат” баргузор гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки дар даври факултетии озмун зиёда аз 500 нафар аз ҳисоби донишҷӯён, магистрантон ва докторантону устодон иштирок намуданд. Дар даври донишгоҳӣ зиёда 200 нафар донишҷӯ, магистрант, докторант Phdваомӯзгорон ширкат варазиданд, ки аз ин миқдор 177 донишҷӯ, 11 магистр, 2 докторант (Phd ) ва 21 омӯзгор мебошанд.

Дар рафти озмун ректори донишгоҳ, профессор Усмонзода Аюб Ислом баромад намуда, зикр дошт, ки арҷгузорӣ ва гиромидошти корномаҳои шахсиятҳои таърихӣ ва намояндагони номовари халқи тоҷик яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати маорифпарварона ва маънавибунёди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шумор меравад. Қайд гардид, ки Озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм фурўғи маърифат» ва ҳамакнун ««Тоҷикон» - оинаи таърихи миллат», метавонанд ҷиҳатиарҷгузорӣ ба таъриху фарҳанги миллат, бедор намудани ҳисси ифтихори миллӣ, худогоҳӣ ва хештаншиносӣ, таҳкими ҳофизаи таърихӣ нақши бисёр муҳим дар ташаккули тафаккури маънавӣ ва ахлоқии ҷавонон гузоранд.

Озмуни мазкур дар сатҳи баланд ташкил гардида, ба он профессор Набиҷон Раҳимов, дотсентон Иброҳим Ҷабборзода, Шавкат Шарипов, Назира Маҳмудова, Ҷӯрабек Исоматдинов ва Ҷамолиддин Абдукаримов доварӣ намуда, ба таври шаффоф дар ҳузури тамоми иштирокчиён, ғолибон муайянва эълон гардиданд.

Ёдовар мешавем, ки ба даври дуюми озмун 16 донишҷӯ, 1 магистр, 1 докторант (Phd ) ва 5 омӯзгор роҳ ёфтанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ