ДДХ: 161 нафар ҷавонони донишгоҳ ихтиёран ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ пайвастанд
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавононро такягоҳи боэътимод ва ояндаи миллату давлат унвон намуда, нақши онҳоро дар ҳифзи истиқлол, ҳимояи марзу буми давлат, таҳкими иқтидори Артиши миллӣ ва садоқат ба Ватан калидиву муассир унвон мекунанд.
Ҷавонони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ҷиҳати сазовор будан ба эътимоди Пешвои муаззами миллат ҳамеша кӯшиш ба харҷ дода, дар ин роҳ дониш, маҳорат, нерӯ ва тавоноии худро мунтазам равона мекунанд.
Аз ҷумла, хатмкунандагони донишгоҳ дар партави сиёсати хирадмандонаи Роҳбари олии мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати саҳм гузоштан дар ҳимояи марзи Ватан бо хоҳиши худ ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мепайванданд.
То имрӯз 161 нафар хатмкунандагон бо навиштани ариза ҷиҳати пеш аз муҳлат супоридани имтиҳони хатм ва сафарбар гардидан ба сафи Артиши миллӣ иқдом доранд.
Муталиб Маҳмудов, хатмкунандаи факултети таърих ва ҳуқуқ аст. Номбурда аз зумраи ҳамин ҷавонони ватандӯсту худшиноси донишгоҳ аст, ки хизмат ба Ватанро рисолати меҳварии худ медонад.
"Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мактаби мардонагӣ ва шуҷоат буда, хизмат дар он шараф, номус ва ифтихор аст. Пайвастани мо, ҷавонон ба ин саф на танҳо масъулият, балки вазифаи ҷонӣ ва қарзи шаҳрвандӣ аст" - мегӯяд Муталиб Маҳмудов.
Чунин ҷавонон дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров торафт афзуда, дар замири онҳо муҳаббат ба Ватан ва садоқат ба сарзамин ҷӯш мезанад.
Маврид ба зикр аст, ки раёсати донишгоҳ ҷиҳати дастгирӣ ба чунин ҷавонон, ки иқтидори воқеии пешрафти давлатанд, аз тамоми имконият истифода бурда, дар самти баъд аз хизмат идома додани таҳсили онҳо дар зинаи дуюм тадбирҳои заруриву имтиёзҳои судмандро роҳандозӣ мекунад.
Хотиррасон мекунем, ки 161 нафар шумораи ниҳоии ҷавонони донишгоҳ нест, ки ихтиёран ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ мепайванданд, то ҳол аризаҳои хоҳишмандӣ ба раёсати донишгоҳ ворид шуда, сафи чунин ҷавонони шуҷоъ афзоиш дорад, ки намунаи ибрат барои намояндагони ин қишри ояндасозанд.
Маркази иттилоот ва таҳлил