​Даври аввали озмуни ҷумҳуриявии ““Тоҷикон” – оинаи таърихи миллат” дар факултети муҳандисӣ-омӯзгорӣ

Дар факултети муҳандисӣ-омӯзгории ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров даври аввали озмуни ҷумҳуриявии ““Тоҷикон” – оинаи таърихи миллат” ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров байни устодон ва донишҷӯён баргузор гардид.

Декани факултет, дотсент НеъматзодаМуқаддас озмунро ифтитоҳ намуда, таъкид дошт, ки озмуни мазкур дар қатори дигар озмунҳои ҷумҳуриявӣ барои дарёфти чеҳраҳои илму адаб, огоҳӣ аз таъриху тамаддуни миллати тоҷик ва худшиносию худогоҳии миллӣ бевосита бо Амри Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардидааст.

Дар озмуни мазкур 4-нафар устодон ва 10-нафар донишҷӯён аз ихтисосҳои факултет ширкат варзиданд. Ҳайати ҳакамон бо сарварии номзади илмҳои таърих, дотсент Назирҷон Икромов тибқи Низомномаи озмун ташкил карда шуда, натиҷаи кори иштирокчиёнро баҳогузорӣ менамуданд.

Озмун дар факултети муҳандисӣ-омӯзгорӣ дар сатҳи баланд ва шаффоф гузаронида шуда, ки байни донишҷӯён Мирраҳимова Муҳаббат - донишҷӯи курси чорум, ихтисоси таҳсилоти ибтидоӣ, Холқӯзиев Шаҳриёр- донишҷӯи курси якум, ихтисоси таълими касбӣ-Агромуҳандисӣ ва байни устодон, М.Умарова - дотсенти кафедраи педагогӣ ва табиию риёзӣ, Зебохон Юнусова – муаллимаи кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва ҷомеашиносӣ ба даври донишгоҳӣ роҳ ёфтанд.

Мавриди зикр аст, ки озмуни ҷумҳуриявӣ бо мақсади арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик, омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи корномаҳои шоистаи ниёгони халқамон дар тӯли таърих, тақвияти ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, эҳёи ҳофизаи таърихӣ ва ба ҳамин роҳ шинохти беҳтари нақши миллати куҳанбунёду фарҳангсолори тоҷик дар рушди тамаддуни инсоният, ки бо далелҳои раднопазир ва бо такя ба сарчашмаҳои илмиву таърихӣ дар китоби мондагору пурарзиши академик Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» ва дигар асарҳои таърихӣ инъикос ёфтааст, баргузор мешавад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ